Моҳи марти соли 2017 бо ташаббуси муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон мақолаи “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст” ба ҳуруфоти алифбои форсӣ омода ва дар шумораи №46-и нашрияи Иттиҳоди журналистони Афғонистон ба нашр расонида шудааст. Мақолаи мазкур барои муаррифии ҳамаҷонибаи ин Иди умумимиллӣ, боло бурдани маърифатнокии мардуми ҳавзаи консулӣ оид ба расму ойинҳо ва тамоюлҳои созандаи ғояҳои дунявии кишварамон нашр гардидааст.
