Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди ШВКХ СААД доир гардид

30.10.2019 16:14

28-29 октябри 2019 дар Душанбе ҷаласаи 30-уми Гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир гардид.

Дар кори ҷаласа ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба Афғонистон аз кишварҳои узви СААД, кормандони Котиботи Созмон, инчунин намояндагони Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ ва Кумитаи Иҷроияи сохтори зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо зарурати идомаи раванди таҳкими тадбирҳо аз ҷониби кишварҳои узви СААД дар самти Афғонистонро дар асоси дуҷониба ва дар сиғаи ҳамоишҳои байналмилалии тахассусӣ таъкид карданд.

PS7A9593-29-10-2019-1757.jpg

 

Нигористон

Тақвим