Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси 8-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё /Раванди Истанбул»

10.12.2019 13:50

9 декабри 2019 дар Истанбул Конфронси 8-уми  вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё/Раванди Истанбул» зери унвони «Сулҳ, шарокат, шукуфоӣ» доир гардид, ки дар он кишварҳо ва созмонҳои иштирокчии «Қалби Осиё/Раванди Истанбул» ширкат варзиданд.

Дар кори Конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.

Ҳамоишро Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган бо суханрониҳои хеш ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи вазирон суханронӣ намуда, мавқеи созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу субот ва шукуфоии кишвари ҳамсоя таъкид намуда, аз кишварҳои иштирокчӣ, мададрасон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷиҳати мусоидати бештар дар равандҳои мусбати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон даъват намуд.

Конфронс аз натиҷаи баррасиҳо Эъломияи Истанбулро қабул намуд. Бар асоси он раисии муштараки Қалби Осиё/Раванди Истанбул дар соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. Ин иқдоми ҷониби Тоҷикистон аз тарафи иштирокчиёни конфронс ҳамовозӣ пайдо намуд.

Дар ҳошияи Конфронс мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хонум Элис Уэллс баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба муносибат ва ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

78894643-2610764465809092-8066383043599794176-o.jpg

12.jpg

 

Нигористон

Тақвим