Раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021

04.06.2021 12:52

 

Дар бораи Созмони ҳамкории Шанхай

Созмони ҳамкории Шанхай (баъдан - СҲШ ё Созмон) 15 июни 2020 дар Шанхай дар вохӯрии сарони шаш давлати бунёдгузори он - Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.

Дар таъсиси СҲШ абзори “Панҷгонаи Шанхай” нақши муҳим дорад. Дар саммити охири он 4 июли 2000 дар Душанбе изҳор гардида буд, ки абзори мазкур ба сохтори минтақавии ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаҳои гуногун табдил дода шавад.

СҲШ созмони байниҳукуматии байналмилалӣ мебошад. Дар чорчӯби СҲШ заминаи комили ҳуқуқӣ ташаккул ёфтааст. Ҳуҷҷати низомномавии Созмон - Хартияи СҲШ ба ҳисоб меравад.

Солҳои 2004, 2008 ва 2014 дар рафти саммитҳои СҲШ ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳамроҳшавии дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба Созмон ба сифати шарики муколама, давлати нозир ва давлати узв қабул гардиданд.

Айни замон:

• ҳашт кишвар давлатҳои узви СҲШ мебошанд – Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

• чор кишвар мақоми давлати нозири назди СҲШ-ро доранд – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муғулистон;

• шаш кишвар шарикони муколамаи СҲШ мебошанд – Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка.

Дар чорчӯби Созмон мақомоти зерин амал менамоянд:

- Шӯрои сарони давлатҳо;

- Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон);

- Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ;

- Шӯрои роҳбарони вазорат ва/ё идораҳои соҳавӣ, аз ҷумла вохӯриҳои мунтазами котибони шӯроҳои амният, прокурорҳои генералӣ ва раисони судҳои олӣ;

- Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ.

Созмон ду мақомоти доимамалкунанда дорад – Котиботи СҲШ дар Пекин ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитерористии (СМЗТ) СҲШ дар Тошканд.

Котиби генералии СҲШ ва Директори Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ аз ҷониби Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ба муҳлати се сол таъин мегарданд.

Қарорҳо дар чорчӯби СҲШ дар асоси ризояти умумӣ (консенсус) қабул мегарданд.

Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ русӣ ва чинӣ мебошанд.

https://scosummit2021.tj/

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg