Ҳамкории байнипарлумонӣ

18.11.2019 04:17

Ҳамкории байнипарлумонӣ

Соли 2018 Гурӯҳи дӯстӣ  ва ҳамкории парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои Миллии Конфедератсияи Швейтсария ташкил шуд. Маълумоти мазкур ба ҷониби Швейтсария расонида шуд. Айни ҳол ҷониби Тоҷикистон посухи Швейтсарияро дар робита ба ин иқдом интизор аст.

Ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳо

 

Аз соли 2003 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунёди Швейтсария оид ба минаҳо дар самти поксозӣ аз минаҳо фаъолият дорад.

Аз соли 2014 ҳар сол гӯрӯҳи ҷарроҳон ва духтурони Швейтсария иборат аз 27 нафар барои анҷом додани машғулияти назариявӣ бо шарикони тоҷикистонӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

 

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ

 

Пояи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дошта, 11 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.

 

1.Созишнома байни ҲҶТ ва Ҳ Швейтсария оид ба расонидани грант барои ворид намудани аъзоҳақии ҶТ ба Бонки Ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (англисӣ), 5.08.1997 Душанбе

2. Созишнома байни ҲҶТ ва ҲК Швейтсария оид ба расонидани кӯмаки молиявӣ бо мақсади амалигардонии лоиҳаи кам кардани хатари офатҳои табиӣ дар ноҳияҳое, ки дар наздикии кӯли Сарез қарор доранд (русӣ, англисӣ), 05.08.97 Душанбе

3. Созишнома байни Шӯрои Федеролии Швейтсария ва ҲҶТ оид ба ҳамкории техникӣ ва молиявӣ инчунин ёрии башардӯстона (англисӣ), 19.10.99 Душанбе

4. Созишнома байни ҲҶТ ва ҲК Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), 29.11.2005 Душанбе

5. Ёддошти ҳусни тафоҳуми ҳамдигарфаҳмӣ байни ҲҶТ дар намояндагии Вазорати иқтисод ва савдои ҶТ ва ҲФШ дар намояндагии Котиботи Давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ оид ба давраи 2-юм лоиҳаи тараққӣ додани тиҷорат дар ҶТ (русӣ ва анг), 31.10.2006 Душанбе

6. Созишнома байни ҲҶТ ва Шӯрои Федеролии Швейтсария оид ба дастгирӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ (тоҷикӣ, русӣ, англисӣвафрансузӣ), 11. 06.2009 Душанбе

7. Конвенсия байни ҶТ ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя (тоҷикӣ, немисӣ, русӣ ва англисӣ), 23.06.2010 Душанбе

8. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти Федеролии Корҳои хориҷии Швейтсария (англисӣ), 29.03.2011  Женева

9. Созишнома оид ба савдо ва ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ҲҶТ ва Шӯрои Федералии Швейтсария (тоҷ, рус, англ ва немис), 15.07.2011  Душанбе

10. Созишнома байни ҲҶТ ва Шӯрои Федеролии Швейтсария дар бораи ба амал барории фаъолияти муздноки меҳнатии шахсони ҳамроҳикунандаи аъзои намояндаи дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои доимӣ (тоҷикӣ ва франсузӣ), 26.10.2011 Душанбе

11. Протоколи ҷаласаи комиссияи Тоҷикистону Швейтсария оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ (русӣ ва англисӣ), 5.03.2013  Душанбе

 

Моҳи марти соли 2019 ҷониби Швейтсария барои баррасии ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи Созишнома оид ба алоқаи ҳавоиро пешниҳод намуд. Айни замон лоиҳа дар баррасии мақомоти дахлдори Швейтсария қарор дорад.

Созишнома оид ба реадмиссия бо Конфедератсияи Швейтсария аз соли 2006 дар баррасии ҷониби Тоҷикистон қарор дорад.

Нигористон

Тақвим