Ҳамкории сиёсӣ

18.11.2019 04:03

Ҳамкории сиёсӣ

 

11 июни соли 2009 нахустин машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд.

5-6 октябри соли 2009 ба пойтахти Тоҷикистон ҳайати расмии Конфедерасияи Швейтсария бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии ин кишвар  - Мишелин Калми-Рей ташриф овард. Ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодиро баррасӣ намуданд.    

29 марти соли 2011 дар Берн вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳамрохон Зарифӣ бо Президент ва ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария - хонум Мишелин Калми-Рей баргузор гардид ва ҳамзамон ҷаласаи дуюми машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду кишвар барпо гардиданд.

Бо мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба вазирон Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти федералиро оид ба муносибатҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария ба имзо расониданд.    

22-26 октябри соли 2015 ташрифи ҳайати Палатаи савдо ва саноати Швейтсария ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо бозори Тоҷикистон сурат гирифт. Ҳайати Швейтсарияро Сардори Палатаи савдо ва саноати кишвари номбурда Ги Меттан роҳбарӣ намуд.

Зимни ташриф ҳайати Швейтсария як қатор мулоқотҳо бо намояндагони вазорату идораҳои блоки иқтисодии кишвар анҷом доданд.Дар анҷоми сафар ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расондан, ки тибқи ин ҳуҷҷат намояндагони тиҷоратӣ дар Швейтсария ва Тоҷикистон таъин карда метавонанд.

Ҷаласаи сеюми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Швейтсария дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Байни Тоҷикистону Швейтсария абзори баргузории Муколама оид ба ҳуқуқи инсон вуҷуд дошт.

Муколамаи нахустин 22 июни соли 2010 дар ш.Душанбе баргузор гардид.Ҷаласаи дуюм 12-13 майи соли 2011 дар ш.Берни Швейтсария барпо гардид.Ҷаласаи 3-ми Муколама 25 апрели соли 2012 дар ш. Душанбе барпо гардид. 6-10 апрели соли 2013 ҷаласаи 4-уми Муколама дар ш.Берни Швейтсария баргузор гардид. 10 феврали соли 2014 ҷаласаи 5-ми Муколама дар ш. Душанбе баргузор гардид.

18 сентябри соли 2015 ҷаласаи шашуми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар пойтахти Швейтсария, шаҳри Берн баргузор гардид. Ҳайати расмии Тоҷикистонро Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Ҷ. Ҳомидов, Сардори Раёсати Сардори Раёсати кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - М. Ашуриён ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон - З. Ализода муаррифӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо вазъи ҳуқуқи инсон дар ҳарду кишварҳоро муҳокима карда, оид ба  масъалаҳои ҳукми қатл, гендерӣ, муҳоҷират ва пешгирии шиканҷа мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин, пас аз анҷоми ҷаласаи асосӣ барои ҳайати Тоҷикистон боздид аз яке аз ҳабсхонаҳои Швейтсария ҷиҳати шиносоӣ бо шароитҳои нигоҳ доштани маҳбусон ташкил карда шудааст.

26 марти соли 2019 дар пойтахти Конфедератсияи Швейтсария шаҳри Берн ҷаласаи навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Швейтсария баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамзамон ҳайатҳо ҳамкории давлатҳоро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва низоми Бреттон Вудс муҳокима карданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд. 

Нигористон

Тақвим