Ҳамкории иқтисодӣ

18.11.2019 04:19

Ҳамкории иқтисодӣ

Дар муносибатҳои дуҷониба пеш аз ҳама ҳамкории иқтисодӣ бартарӣ дорад. Ҳукумати Федералии Конфедератсияи Швейтсария нахустин шуда омодагии хешро барои дастгирии раванди воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо изҳор намуд. Нахустин Ёддошт дар бораи татбиқи барномаҳои кӯмаки Швейтсария ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми воридшудани кишвар ба СУС дар соли 2001 имзо шуд.

Ҳукумати Швейтсария рушди Тоҷикистонро ба воситаи ҷудокардани грантҳо дар се самт дастгирӣ мекунад: расонидани кӯмаки дарозмуддати техникӣ, молиявӣ ва гуманитарӣ ба воситаи созмонҳои байналмилалӣ ва миллӣ.

Дар маҷмӯъ лоиҳаҳо дар соҳаи беҳтар кардани идораи давлатӣ, сектори хусусӣ ва макроэкономика, захираҳои табиӣ ва инфраструктура, тандурустӣ, кам кардани хатари ҳодисаҳои табиӣ амалӣ карда мешаванд.

Аз соли 2013 Комиссияи байниҳукуматӣ оид ҳамкориҳои иқтисодӣ фаъолият дорад. Ҳайатҳои сатҳи баланд ҳар ду сол дар пойтахтҳои кишварҳо вомехӯранд.

Ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария дар соли 2018 13 696,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод (содирот-1 639,9 ҳазор доллари ИМА ва воридот – 12 056,3 ҳазор доллари ИМА).

Маҳсулоти воридотӣ аз Швейтсария ин маҳсулотҳои тиббӣ (витаминҳо), маҳсулоти қимиёвӣ, лавозимот ва қисмҳои мошинҳо мебошанд.

 

Ҳамкорӣ дар соҳаи бонкӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ ба Гурӯҳи кишварҳое, ки ба он Швейтсария, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Сербия ва Лаҳистон шомил ҳастанд дохил шуда, роҳбарии ин Гурӯҳро Швейтсария ба уҳда дорад. Қобили зикр аст, ки дар доираи узвият Швейтсария дар Шӯрои мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ манфиату ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд.

Ҳамзамон, ҳамкориҳо бо Швейтсария бо мақсади пурзӯр намудани низоми бонкии кишвар тавассути Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) ба роҳ монда шудааст, ки дар доираи он як қатор лоиҳаҳо амалӣ гашта истодаанд.

Дар ин робита, аз ҷониби Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ва Бонки Ҷаҳонӣ бо мақсади тақвият додани назорати бонкӣ дар чорчӯбаи барномаи “FIRST” як қатор корҳо оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии низоми бонкии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони низоми бонкӣ анҷом дода шудаанд.

Инчунин, бо кӯмаки Дафтари мазкур ва дар ҳамкорӣ бо ХБА ва Бонки миллии Швейтсария мушовирони байналмилалӣ ҷиҳати тақвияти самтҳои муҳими фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили сиёсати монетарӣ, идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, омор ва тавозуни пардохт ҷалб гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки аз соли 1995 ин ҷониб Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо Бонки миллии Швейтсария ба роҳ мондааст. Дар давраи солҳои 1995-2018 ҳамкориҳо дар самти бозомӯзии кормандон назаррас буда, теъдоди зиёди кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар барномаҳои мухталифи омӯзишӣ ва коромӯзиҳои ташкилкардаи Бонки миллии Швейтсария иштирок намуда, савияи донишу малакаи тахассусии худро такмил додаанд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамкориҳо бо ниҳодҳои далхдори Швейтсария дар сатҳии муносиб ба роҳ монда шудааст ва дар оянда низ Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани онҳо чораҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Нигористон

Тақвим