Муносибатҳои Тоҷикистон бо Швейтсария

18.11.2019 03:56

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Швейтсария

 

 

Номи расмӣ

Конфедератсияи Швейтсария

Масоҳат

41,277 км3

Аҳолӣ

8,292,809 (июл 2018)

Пойтахт

Берн

Забони расмӣ

Олмонӣ, франсузӣ, италиявӣ, ретророманӣ

ММД

679 млрд $

Президент

Ули Маурер (аз 1 январи 2019)

Вазири корҳои хориҷӣ

Игнасио Кассис (аз 1 ноябри 2017)

Иди расмӣ

1 август 1292 (Рӯзи Конфедератсия)

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария 9 декабри соли 1992 барқарор шуданд.

Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ҷаноби Ҷамшед Ҳомидов мебошад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар шаҳри Женева ҷойгир аст.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Урс Шмид (аз 22 ноябри соли 2016) мебошад. Иқоматгоҳи Сафорати Швейтсария дар шаҳри Нур-Султон ҷойгир аст.

Аз соли 2001 Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар ш.Душанбе фаъолият менамояд. Директори Дафтари мазкур хонум Валбурга Роос (аз моҳи августи соли 2016) мебошад.

Вохӯриҳо дар сатҳи олӣ

 

26 июни соли 2000 дар чаҳорчӯби баргузории ҷаласаи 24-ми сессияи махсуси СММ дар ш.Женева Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Швейтсария Адолф Оҷи вохӯрд.

Моҳи ноябри соли 2000 Мушовири федералии Швейтсария Каспар Филингер ба Тоҷикистон ташриф овард.

Моҳи декабри соли 2001 дар чаҳорчӯби Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии САҲА Вазири корҳои хориҷӣ Т Назаров бо Вазири корҳои хориҷии Швейтсария мулоқот намуд.

Моҳи апрели соли 2002 Вазири корҳои хориҷии Швейтсария ба Тоҷикистон ташриф овард.

28 июни соли 2003 дар чаҳорчӯби Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Швейтсария Паскал Кушпен мулоқот намуд.

8 декабри соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими расмӣ оид ба воридшавии Тоҷикистон ба СУС 10 декабри соли 2012 ба ш Женева ташриф овард.

26 апрели соли 2013 ҳайати расмии Конфедератсияи Швейтсария таҳти роҳбарии Котиби давлатии Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Швейтсария - Ив Россие ба Тоҷикистон ташриф овард. Сафари мазкур дар чаҳорчӯби ташриф ба панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ҷиҳати муайян намудани соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар давраи раёсати Швейтсария дар САҲА дар соли 2014, барпо гардид.  

Зимни ин сафар ҷ-би Россие бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ - М. Собиров вохӯрӣ намуда, бо як қатор намояндагони мақомотҳои давлатӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот кард.

21-22 ноябри соли 2014 сафари Вазири корҳои хориҷии Швейтсария - Дидие Буркхалтер, ки ҳамзамон вазифаи Президенти ин давлат ва Раиси амалкунандаи САҲА дар соли 2014-ро ба уҳда дорад, дар чаҳорчӯби сафари минтақавии худ ба Осиёи Марказӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд.  Зимни ташрифи худ, Д. Буркхатлер бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Э. Раҳмон мулоқот намуда, аз Дафтари САҲА дар Душанбе боздид намуд. Ҳамзамон вохӯрии ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.

26 апрели соли 2019 вохурии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер дар ҳошияи Форуми “Як камарбанд, як роҳ” дар шаҳри Пекин баргузор гардида, зимни он масъалаҳои густариши ҳамкории созанда дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои соҳавӣ, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, илм, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ муҳокима карда шуданд.

Ҷонибҳо зимни вохурӣ дар бораи фаъолсозии муколамаи сатҳи олии сиёсӣ, нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои барои ҳар ду кишвар судманд, пурзур кардани низоми бонкӣ, барқарорсозии алоқаи мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Швейтсария ҳамчун омили муҳими тавсеаи ҳамкорӣ баҳри густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳо дар арсаи байналмилалӣ, дар доираи ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, табодули андеша карданд.   

Нигористон

Тақвим