Сафари Сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ба кантони Санкт Галлен

19.10.2017 16:34

19 октябри соли 2017 сафари кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Ҷ. Ҳомидов ба кантони Санкт Галлени Швейтсария барпо гардид.

Сафари мазкур бо даъватномаи Ҳукумати Швейтсария ҷиҳати ҷашнгирии 50-солагии ҳамкории Швейтсария бо Бонки Рушди Осиёӣ сурат гирифт.

Дар рафти сафар Сафир як силсила мулоқотҳо бо Муовини Президенти Бонки рушди Осиёӣ, Бамбанг Сусатоно, Сардори Шӯъбаи ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Котиботи давлатии иқтисодии Швейтсария, Раймунд Фурер, Президенти Палатаи тиҷоратии Ҷопон ва Швейтсария, Мартин Ҳерб, Директори Ҷамъияти Осиёи Швейтсария, Фиделис Гоетс ва ғ. анҷом додааст.

Дар рафти вохӯриҳо масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳодҳои зикршуда баррасӣ карда шудаанд.

Инчунин Сафир аз Муовини Директори Донишгоҳи Санкт Галлен, Профессор Улрике Ландфестер боздид намуда, оид ба роҳҳои барқарори ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои Швейтсария ва Тоҷикистон мубодилаи афкор намудааст.

Нигористон

Тақвим