Комиссияи муштараки Тоҷикистону - Покистон

16.03.2020 17:40

1-уми июни соли 1992 дар ш.Исломобод Протокол миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон ба имзо расонида шуда буд. Комиссияи байниҳукуматӣ, ки яке аз абзорҳои (механизмҳои) калидии рушди ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба ба шумор меравад, аллакай шаш ҷаласаҳои худро баргузор намуд:

  • ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ моҳи майи соли 2004 дар ш.Исломобод баргузор гардидааст;
  • ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматӣ моҳи октябри соли 2006 дар ш.Душанбе баргузор гардидааст;
  • ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ 21 июни соли 2009 дар ш.Исломобод баргузор гардидааст;
  • ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ 28 феврали соли 2011 дар ш.Душанбе баргузор гардидааст;
  • ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматӣ 15-16 июни соли 2016 дар ш.Исломобод баргузор гардидааст;
  • ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматӣ 1 июли соли 2019 дар ш.Душанбе баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg