Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон

16.03.2020 17:45

11-уми январи соли 2013 дар Душанбе) якумин машваратҳои сиёсии миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардиданд. Ҳайатҳоро муовинони вазири корҳои хориҷии ҳарду кишвар роҳбари намуданд.

Аз натиҷиа ҷаласаи мазкур “Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон барои солҳои 2013-2016” ба имзо расонида шуда буд.

4-уми майи соли 2015 дар Исломобод дуюмин машваратҳои сиёсии Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон гузаронида шуд. Ҳайатҳои кишварҳоро дар сатҳи муовинони вазири корҳои хориҷи роҳбари намуданд.

9-уми феврали соли 2016 дар Душанбе сеюмин машваратҳои сиёсии Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардида буд. Ҳайатҳо таҳти роҳбарии муовинони вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласи мазкур ширкат варзиданд.

26 апрели соли 2018 дар Исломобод даври чоруми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ ва ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистонро Муовини Вазири корҳои хориҷӣ роҳбари намуданд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg