Муносибатҳои дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон

16.03.2020 17:38

6 июни соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ  барқарор карда шуданд.

Ҷумҳурии Исломии Покистон Сафорати худро соли 1993 дар Душанбе ифтитоҳ намуда, фаъолиятро бошад аз ибтидои 1994 оғоз намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Консулгарии генералии худро дар Исломобод дар соли 1997 кушода, аз 23 феврали 2005 Сафорати Тоҷикистон дар Покистон фаъолият дорад.

Дар тули 27 соли муносибатҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафарҳои расмӣ ва корӣ солҳои 1994, 1996, 1997, 2004, 2011, 2015 ва 2017 ба Покистон рашриф овард.

Роҳбарияти олии Покистон низ бо сафарҳои расмӣ ва корӣ 2-3 июни 2002, 28-30 июли 2009, 1-2 сентябри 2011, 24 -26 марти 2012 ва 19-22 июни 2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар доштанд.

Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон моҳи декабри 1998, 29-31 январи 2004, 20-21 ноябри 2014 ва 8-9 декабри 2015 сафари корӣ анҷом доданд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон низ сафарҳои расмӣ ва кории вазирони корҳои хориҷии ин кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели 2002, 1-2 сентябри 2011 ва 11-12 октябри 2018 сурат гирифтаанд.

Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳоро миёни Тоҷикистону Покистон зиёда аз 56 ҳуҷҷати дуҷонибаи имзошуда ташкил медиҳад.

Ба сатҳи хуби муносибатҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаи низомиву амниятӣ нигоҳ накарда, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар сатҳи паст қарор доранд. Гардиши савдо миёни Тоҷикистону Покистон дар соли 2019 ҳамаги     $56, 290 миллионро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар соли 2018 ба $62,547 миллион баробар буд.        

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg