Маълумоти умумӣ оид ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон

05.01.2021 12:09

Ҷумҳурии Исломии Покистон дар қатори аввалинҳо шуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва эътироф намуд.

Оғоз аз 6 июни соли 1992,  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ  барқарор карда шуд, аммо заминаҳои он аллакай аз аввалҳои соли 1991 гузошта шуда буданд.

Ҷумҳурии Исломии Покистон Сафорати худро соли 1993 дар Душанбе ифтитоҳ намуда, фаъолиятро бошад аз ибтидои 1994 оғоз намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дуҷониба худро бо кушодани  Консулгарии худ дар соли 1997 оғоз намуда, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад аз 23 феврали 2005 дар Исломобод ба фаъолият шурӯъ намуд.

Айни ҳол Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Насредин Исматулло мебошад, ки  аз моҳи феврали 2019 ба фаъолият шуруъ намуд. 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Ҳайдар, аз моҳи июни 2019 таъйин гардидааст.  

Барои пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Ҷумҳурии Исломии Покистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Тули 27 соли муносибатҳо ин ҳамкориҳо бо сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (солҳои 1994, 1996, 1997, 2004, 2011, 2015 ва 2017) таҳким ва густариш дода шуданд.

Ҷавобан ба ин, Президентҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон низ бо сафарҳои расмӣ ва корӣ (2-3 июни 2002, 28-30 июли 2009, 1-2 сентябри 2011, 24 -26 марти 2012 ва 19-22 июни 2018) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Барои заминаи густариши ҳамкорӣ ва таҳкими санадҳои дуҷониба, сафарҳои расмӣ ва кории Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон моҳи декабри 1998, 29-31 январи 2004, 20-21 ноябри 2014 ва 8-9 декабри 2015, низ нақши назаррас дорад.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон низ, сафарҳои расмӣ ва кории ҷавобӣ ва навбатии Вазирони корҳои хориҷии ин кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои гуногун (моҳи апрели 2002, 1-2 сентябри 2011 ва 11-12 октябри 2018) сурат гирифтаанд.

Байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе ва Исломобод, то ба имрӯз чор даври машваратҳои сиёсӣ баргузор гардидааст. (якумин, 11-уми январи соли 2013 (ш.Душанбе), (дуюмин, 4-уми майи соли 2015 (ш.Исломобод), (сеюмин 9-уми феврали соли 2016, (ш.Душанбе), чорумин 26 апрели соли 2018 (ш.Исломобод).

 Зиёда аз 56 адад созишнома, ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ва протоколҳо дар таҳкими пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба нақши калидӣ мебозанд. Ҳамзамон зиёда 28 санадҳои сатҳ ва шакли гуногун дар баррасии ҳардуҷониб барои омӯзиш, барасмиётдарорӣ ва омодасозӣ барои имзо омода мебошанд.

Миёни Тоҷикистон ва Покистон абзори (механизми) доимоамалкунанда дар шакли  Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият менамояд, ки он яке аз воситаҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки то ба  имрӯз 6 ҷаласаи Комиссияи мазкур баргузор шудааст: ҷаласаи якум моҳи майи соли 2004 дар ш.Исломобод; ҷаласаи дуюм моҳи октябри соли 2006 дар ш.Душанбе; ҷаласаи сеюм 21 июни соли 2009 дар ш.Исломобод; ҷаласаи чорум 28 феврали соли 2011 дар ш.Душанбе; ҷаласаи панҷум 15-16 июни соли 2016 дар ш.Исломобод ва ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматӣ 2-3 июли соли 2019 дар ш.Душанбе баргузор гардид.

 

Форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Покистон 18-20 июли 2010, 8-9 марти 2011 ва 24-26 майи 2017 дар Душанбе ва Исломобод доир шуд.   

Илова бар ин зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (12-13 ноябри 2015) Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Покистон таъсис дода шуд ва ҷаласаи нахустини он дар Исломобод гузаронида шуд.

Ҷаласаи дуюми он дар доираи сафари Сарвазири ин кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-уми июли соли 2017 дар Душанбе баргузор гардидааст.

 

Дар миёни дигар соҳаҳои ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар айни замон ба якчанд самтҳои асосии ҳамкорӣ: ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, ҳарбӣ ва дар амал татбиқсозии лоиҳаи CASA-1000, афзалият дода мешавад. 

 

Дар солҳои 2007-2019 аз ҷониби субъектҳои мухталифи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба иқтисодиёти кишварамон 14,0 млн. долл. ИМА сармоя ворид гардидааст, ки аз ин 443,5 хазор доллар сармояи мустақим ва 13,44 млн. долларо дигар намуди сармоягузориҳо дар шакли қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалб кардашуда, ташкил медиҳад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg