30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон

19.05.2022 15:45

16 майи соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Донишгоҳи Панҷоби шаҳри Лоҳур мизи мудаввари илмӣ - амалӣ зери увони “30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон” баргузор гардид

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти донишгоҳҳои шаҳри Панҷоб, Мултан, Пешовар, роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегӣ (CGSS) ва доираи васеи олимону профессорон, мутахассисон, пажуҳишгоҳҳои илмӣ ва тадқиқотчиёни муассисаҳои бонуфузи Покистон дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Зимни баргузории чорабинӣ Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин баромад намуда, таҳкиму тавсеаи муносибатҳои судманди байни кишварҳоро, аз муносибати неку бародаронаи сарони ду давлату ҳукуматҳо арзёби намуда онро заминаи асосӣ ва мусбӣ дар таҳкими муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар маънидод намуд.

Таъкид гардид, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи обу энергетика, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва нақши Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 - 2028”, аз дастовардҳои роҳбарияти олии кишвар арзёбӣ мегардад.

Дар ҳошияи чорабинӣ мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар Покистон бо шабакаи телевизонии Покистон “Discover Pakistan” , ки фаъолияти он асосан ба пахши барнома ва гузоришҳо дар самти сайёҳӣ равона шудааст баргузор гардид. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба интиқолу ташвиқи сайёҳон ва сармоягузорони  покистониро ба Тоҷикистон равона гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg