8 июни соли 2022 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин бо Вазири федеролии мудофиаи Покистон Хавоҷа Муҳаммад Осиф баргузор шуд. Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Покистон, бахусус дар соҳаҳҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо вобаста ба вазъи имрӯзаи низомию сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ки ба ҳолати амниятии минтақа таъсири бевосита мерасонад, ҳамчунин дигар масъалаҳои хоси мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд. Таъкид гардид, ки Покистон талошҳои Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа самарабахш арзёбӣ мекунад.