Мубодилаи барқияҳои табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Муҳаммад Содиқ Санҷронӣ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар.

21.06.2022 23:17

Дар барқияи табрикии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон омадааст:

Ҷаноби Раис,

Лутфан табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати рӯйдоди хотирмон барои мардумони ду кишвар –                   30 - солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро бипазиред.

Кишварҳои мо, тайи ин се даҳсола, ба мақсади дастрасӣ ба сатҳи баланди муносибатҳои созанда, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкориҳои парлумонӣ ва таъмини дурнамои самараноки густариши онҳо мунтазам тадбирҳои амалӣ андешидаанд ва мо идомаи талошҳои ду кишварро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ мекунем.

Тоҷикистон ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи кишварҳоямон дар руҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ ва эътимод, коркарду тадбиқи тарҳу барномаҳо ва чораҳои созгор барои дастрасӣ ба ин ҳадафҳо мебошад.

Итминон дорем, ки бо азми қавӣ ва ҷидду ҷаҳди якҷоя мо метавонем муносибатҳои байнипарлумонии ду кишвари дорои муштаракоти таърихӣ ва фарҳангиро бо натиҷаҳои назаррас ғанӣ гардонем.

Умедворам, ки ин соли ҷашнӣ бо дастовардҳои навини худ муносибатҳои байнипарлумонии ду кишвари дӯсту бародарро боз ҳам рангин хоҳад кард.

 

Дар барқияи табрикии Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон ба унвони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

Шарафмандам аз номи мардум ва Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҷлиси Миллӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Покистон ва Тоҷикистон табрик намоям.

Мо бо камоли мамнуният аз сатҳи баланди муносибатҳои Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳо изҳори қаноатмандӣ менамоем. Итминон дорам, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, ба сулҳу амният мусоидат намуда, барои рушди устувор дар минтақа имкониятҳои навро фароҳам меорад.

Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон равобити самимӣ ва устувор дошта, дар баробари заминаи мансубияти мазҳабӣ хоҳиши бемайлони густариши ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад.

 

Ҷаноби Олӣ,

Дар ин лаҳзаҳои шодии мардуми Тоҷикистон дар ин рӯзи таърихӣ ба Шумо саломатии бардавом, бахту саодат ва ба мардуми бародари тоҷик рӯзгори обод ва шукуфоӣ таманно дорам.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg