21 июни соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Исматулло Насредин бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Бразилия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Исломобод Олинсо Виейра баргузор шуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, маориф ва сайёҳӣ табодули афкор намуда, ба зарурати тавсеаи ҳамкориҳои муштарак ва афзоиши ҳаҷми гардиши савдо байни ду кишвар таъкид намуданд.
Дар ҷараёни сӯҳбат Сафири ғайримуқими Бразилия аз сиёсати воқеъбинона ва иқдомҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои доғи рӯз изҳори қаноатмандӣ карда, ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи ахир дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мубрами глобалӣ, бахусус мушкилоти марбут ба об ва тағйирёбии иқлим талошҳои пайваста меварзад, ки ин аз обрую эътибори сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарак медиҳад.