9 феврали соли 2023 мусоҳибаи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Исматулло Насреддин бо шабакаи телевизонии Покистон “Discover Pakistan” доир гардид. Зимни мусоҳиба Сафир доир ба муносибатҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар изҳори андеша намуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди соҳаи туризм, ташвиқу тарғиби иқтидори сайёҳӣ, шиносонидани маконҳои сайёҳии табобатӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, таърихӣ ва нақлиёту энергетика, иқтисодиву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон равона гардид.
Ҳамчунин роҳбари намояндагии дипломатӣ дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла ҳадафу вазифаҳои “Соли 2025, соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ки аз ҷониби Маҷмаи Созмони Миллали Муттаҳид қабул ва эълон гардид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Мусоҳиба тариқи пахши мустақим дар шабакаи телевизионии “Discover Pakistan” намоиш дода шуд.