9 феврали соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо роҳбарияти Иттиҳодияи корхонаҳои истеҳсоли шакари Покистон баргузор шуд.
Меҳвари асосии мулоқотро паҳлуҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни ду кишвар ташкил дод.
Роҳбари Ассоссиатсия ҳавасмандии худ ва шариконашро ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар самти интиқоли шакар ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа аз тариқи Тоҷикистон иброз намуд.