9 феврали соли 2023 ба мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ, тиҷорат ва сайёҳии Тоҷикистон, мулоқоти ҳайати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Исматулло Насреддин бо доираи соҳибкорон ва тоҷирони Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бинои Палатаи савдо ва тиҷорати шаҳри Лаҳор баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбари намояндагии дипломатӣ суханронӣ намуда, дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни ҳар ду кишвар маълумот ироа намуд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар хусуси доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла имкониятҳои сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, ҷалби давраҳои соҳибкорӣ, истифодаи муассири минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, рушди соҳаи сайёҳӣ ва рафъи мушкилоти мавҷуда табодули афкор карданд.
Сипас маълумотномаи фарогир дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ ва иқтисодии кишвар, ки аз ҷониби Сафорат дар шакли рӯзнома таҳия гардидааст, ба ҳозирин пешкаш гардид.