6 апрели соли 2023 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Исматулло Насредин бо Президенти Бунёди илмии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECOSF) Сайид Комил Тайбӣ сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои густариши баъдии муносибатҳои бисёрҷониба, хусусан таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, таърих ва дигар самтҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.