Мулоқот бо Вазири федералии энергетикаи Покистон

05.04.2023 15:10

5 апрели соли 2023 мулоқоти Сафири Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Вазири федералии энергетикаи Покистон Хуррам Дастгир Хон баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар, аз ҷумла тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи обу энергетика ва баругзории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки Покистон ба ташаббусҳо ва талошҳои судманди роҳбарияти олии Тоҷикистон дар самти таъмини об ва энергияи сабз дар ҷаҳон баҳои баланд медиҳад.

Дар рафти суҳбат инчунин муҳимияти тадбиқи лоиҳаи энергетикии CASA-1000 барои кишварҳои минтақа қайд карда шуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg