Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири давлатии корҳои хориҷии Покистон

14.04.2023 13:53

13 апрели соли 2023 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи 4-умин Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон  мулоқоти дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон хонум Ҳина Раббонӣ Кхар баргузор гардид.

Дар ҷарёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи рузномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафайн қарор доштанд.

340470335.jpg

14-04-2023-8-26.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg