Мулоқот бо ҳамоҳангсози Сарвазири Покистон оид ба тиҷорат ва саноат

24.05.2023 16:58

23-юми майи соли 2023 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Исматулло Насредин бо Муҳтарам Рано Иҳсон Афзал Хон, ҳамоҳангсози Сарвазири Покистон оид ба тиҷорат ва саноат дар Котиботи Сарвазир, доир гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба рушди  беҳсозии муҳити соҳибкорӣ,  фазои сармоягузорӣ ва ислоҳотҳои зарурӣ ҷиҳати мусоидат ба вусъат ёфтани тиҷорат байни ду кишвар ва содироту воридоти молу маҳсулот табодули афкор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg