28 декабри соли 2023, дар бинои Сафорат тамошои дастаҷамъонаи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар тамошои пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Сафорат иштирок намуданд.