8 январи соли 2024 Кордори Сафорат ба намояндагии дипломатии дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Исломобод ташриф оварда, дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори ҳамлаи террористӣ дар Кирмон, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди одамон гардид, ҳамдардӣ баён намуд.