Мулоқот бо Сарвазири Покистон

23.01.2024 08:20

23 январи соли 2024 Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Анвар - ул - Ҳақ Какар, Исматулло Насрединро, ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар ин кишвар, ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ Сарвазири Покистон ба муҳтарам Исматулло Насредин барои саҳмаш дар тавсеа ва густариши ҳамкорҳои назаррас байни ду кишвари дӯст изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият таманно намуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg