Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон

26.01.2024 13:30

26 январи соли 2024 Исматулло Насрединро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷалил Аббос Ҷелонӣбинобар ба итмом расидани муҳлати хизмати дипломатиаш ҳамчун сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Покистон, ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози суҳбат вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми арзандаи Исматулло Насредин баҳри густариши робитаҳои ду кишвари дӯсту бародар, изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки дар давоми  фаъолияти сафир дар ин кишвар ҷонибҳо ба муваффақиятҳо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳо комёб шуданд. Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судманди байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Исматулло Насредин барои мусоидат ва дастгирӣ дар давоми фаъолияти дипломатиаш дар Покистон ба вазири корҳои хориҷӣ  изҳори миннатдорӣ намуд.

26-01-2024-15-45.jpg

IMG-20240126-WA0054-1.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg