4 феврали соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жеенбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, гуфтушунид анҷом дод.
Вазирон дар ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро муфассал баррасӣ карда, доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Аз натиҷаи гуфтушунид Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон барои солҳои 2024-2025 ба имзо расид.
Гуфтушунид дар фазои созанда баргузор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan