17 апрели соли 2024 Вазири федеролии хусусигардонӣ, Шӯрои сармоягузорӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Абдул Алим Хон, кордори сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Саидҷон Шафиев-ро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ перомуни масъалаҳои васеи ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули назар сурат гирифт. Дар фарҷоми сӯҳбат Вазири федералӣ муҳтарам Абдул Алим Хон таъкид доштанд, ки Покистон ва Тоҷикистон робитаҳои амиқи дӯстӣ доранд, ки минбаъд низ таҳким хоҳанд ёфт.