Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон иттилоъ медиҳад, ки санаи 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор мегардад.Конфронси навбатии 3-юми Душанбе доир ба Даҳсолаи амал оид ба об аз силсилаи конфронсҳоест, ки дар дар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати дастгирии татбиқи Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 гузаронида мешавад.Дар доираи Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об барои амал Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад, ки заминаеро барои пайгирӣ, пешбурд ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрӣ, ки дар Рӯзномаи амал оид ба оби Конфронси оби СММ дар соли 2023 ба қайд гирифта шудаанд, фароҳам оварда, ҳамчунин барои ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидани амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 мусоидат намояд.Конфронс намояндагони баландпояи кишварҳои аъзои СММ, зерсохторҳои СММ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуруҳҳои илмӣ, институтҳои самти обу энергктика ва иқлим ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ҷамъ меоварад.Аз ин рӯ доираҳои ҳавасманд барои иштирок дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об барои амал даъват карда мешаванд.
Маълумоти бештар дар сомонаи расмии Конфронс
https://conf2024.dushanbewaterprocess.org