Мулоқот дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон

14.05.2024 22:55

13 майи соли 2024 мулоқоти кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шафиев Саидҷон бо Сафири Ҷумҳурии Филиппин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Исломобод хонум Мария Агнес баргузор шуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, маориф, муҳоҷират ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд. Дар ҷараёни сӯҳбат Сафири ғайримуқими Филиппин аз сиёсати воқеъбинона ва иқдомҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои доғи рӯз изҳори қаноатмандӣ карда, ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи ахир дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мубрами глобалӣ, бахусус мушкилоти марбут ба об ва тағйирёбии иқлим талошҳои пайваста меварзад, ки ин аз обрую эътибори сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарак медиҳад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg