Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаро ба Мудири кули идораи ташрифоти давлатии вазорати корҳои хориҷии Покистон супорид.

10.06.2024 19:30

10 июни соли 2024 сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Шарифзода нусхаи эътимодномаи худро ба Мудири кули идораи ташрифоти давлатии вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Типу Усмон супорид. 
Пас аз супоридани нусхаи эътимоднома сафир бо Мудири кули ташрифот мулоқоти судманд анҷом дод. Дар он масъалаҳои дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Мудири кулл ба муҳтарам Юсуф Шарифзода барои тавсеа ва густариши ҳамкорҳои неки байни ду кишвари дӯст муваффақият таманно намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg