26 июли соли 2024 Сафири Тоҷикистон Шарифзода Юсуф Тоир бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф дар қароргоҳи номбурда, мулоқот намуд.
Зимни суҳбат Шаҳбоз Шариф Сафир и Тоҷикистонро хайрамақдам гуфта, дар фаъолияташ муваффақият таманно кард. Дар идома Сарвазир аз сафари расимаш ба Душанбе ёдовар шуда, аз истиқболи самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ кард.
Сарвазир бо изҳори қаноатмандӣ аз Ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ва Созишномаҳои дар ҷараёни сафар миёни ҷонибҳо ба имзо расида, даъват кард, ки пайгирӣ ва иҷрои саривақтии ин санадҳо равобити дуҷонибаро боз ҳам тақвият медиҳад.
Сафири Тоҷикистон ба Сарвазири Покистон барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла маориф, кишоварзӣ, мудофиа ва тавсеаи роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ як қатор пешниҳодҳо намуд. Ҳамчунин лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба рушди коммуникатсия, аз ҷумла CASA-1000 баррасӣ шуданд.
Сафир ба Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф барои пазироӣ изҳори сипос карда, саломи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расонид ва омодагии Тоҷикистонро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманд бо Покистон изҳор намуд.
Дар фарҷом Сарвазир Шаҳбоз Шариф бори дигар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Покистон даъват карда, афзуд, ки мунтазири иштирокашон дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар Исломобод мебошад.