17 августи соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки аввалин хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино мебошанд, дипломҳоро тақдим намуд.
Сафири Тоҷикистон дар Покистон аҳли нишастро ба рӯзи Истиқлолияти давлатии Покистон табрик намуда, қайд кард, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз марказҳои бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар омода намудани кадрҳои тиббӣ саҳми назаррас дорад.