18 августи соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо раиси вилояти Панҷоб Сардор Салим Ҳайдар Хон дар шаҳри Лаҳор баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва маориф мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Раиси вилоят омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳо иброз намуд.
Мулоқот дар фазои самимият ва ҳусни эҳтироми тарафайн баргузор гардид.