5 сентябри соли 2024 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо котиби Конвенсия оид ба ҳифз ва истифодабарии обҳои фаромарзӣ ва кӯлҳои байналмилалии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Соня Коппел баргузор гардид.
Зимни мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо дар масоили обу иқлим, муҳити зист аз ҷумла натиҷаи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба обу иқлим, инчунин ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро идома диҳанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan