5-7 сентябри соли 2024 дар шаҳри Гуҷрати Ҷумҳурии Исломии Покистон 2-умин Намоишгоҳи (ЭКСПО) сангҳою ҷавоҳиротҳои қиматнок баргузор гардид, ки дар он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод иштирок варзид.Дар намоишгоҳи мазкур маҳсулотҳои ватанӣ, аз қабили маснуотҳои заргарӣ аз сангу нуқраҳои қимматнок ва хушкмеваҳо маърази тамошо гузошта шуданд.Гушаи мазкур бо тарҳу услуби хос ва нақшу нигорҳои миллӣ таҳия шуда, дар атрофи он аксҳо аз табиати зебоманзари Тоҷикистон ва либосҳои миллӣ овезон карда шуд.