Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони иқтисодӣ ва тиҷорати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

12.09.2024 19:03

 12 сентябри соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Завқизода Завқӣ Амин, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 23-юми вазирони иқтисодӣ ва тиҷорати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ҷаласаи мазкур Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шарифзода Юсуф Тоир иштирок дошт.
Зимни суханронӣ Завқизода Завқӣ қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай муносибатҳои гуногунҷанба  пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамкориҳоро дар доираи ин Созмон аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор додааст. 
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай давра ба давра тамоюли рушдро касб намуда, ҳамасола беш аз 70 дарсади ҳиссаи гардиши савдои Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай рост меояд. 
Ҷониби Тоҷикистон қайд намуд, ки ҳиссаи кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай қариб нисфи аҳолии ҷаҳон буда, 27 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил менамояд ва минтақа дорои бозори бузург ва имкониятҳои васеъи сармоя ва тиҷорат мебошад.
Дар доира Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2030, ки  бо ташаббуси Тоҷикистон таҳия ва аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмон қабул гардидааст, роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба иштирокдорони ҷаласа барои таҳияи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур пешниҳодҳои мушаххас вобаста ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ ва сабз, энергияи сабз, тиҷорати электронӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои инноватсионӣ, инчунин истифодаи васеи имкониятҳои транзитии Тоҷикистон манзур намуд. 
Дар фарҷоми чорабинӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи мавзуҳои рузномаи корӣ иброз карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg