Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ

09.06.2025 16:29

8-10 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе якумин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ баргузор мегардад.

Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нваи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 — Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти ба кишвари саноатӣ табдил додани Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафаш ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи нассоҷии мамлакат мебошад.

Дар доираи нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мубоҳисавӣ, намоишгоҳи таҷҳизотҳои нассоҷӣ, намоиши маҳсулоти саноати сабук, инчунин вохӯриҳои корӣ дар сиғаи В2В ва G2В гузаронида шуда, дар онҳо масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ матраҳ хоҳанд гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg