Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол 23 майи соли ҷорӣ дар Сафорат чорабиниҳои варзишӣ (футбол ва волейбол) миёни кормандони Намояндагии дипломатӣ ва бо ҷалби ҷавонони ҳамватанони бурунмарзӣ барпо гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода аз сиёсати босамари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷавонон сухан гуфта, иброз доштанд, ки пайваста аз ҷониби роҳбарияти давлат ба масъалаи дастгирии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад, барои ҷавонони имрӯза ва насли оянда тамоми заминаҳо барои таҳсил, рушди зеҳнӣ, майдонҳои варзишӣ, маконҳои фароғатию истироҳатӣ ва ғ., шароит фароҳам оварда шудааст. Дар робита ба Рӯзи ҷаҳонии футбол изҳор дошт, ки бо шарафмандӣ имрӯз ташаббуси Тоҷикистонро дар тамоми дунё ҷашн мегиранд.
Дар фарҷоми чорабинии варзишӣ ҷиҳати шукуҳ бахшидан ба фазои ин маъракаи муҳими сиёсию варзишӣ иштирокдорон бо мукофот сарфарозонида шуданд.