Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз

26.04.2025 17:11

26 апрели соли равон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон

бо шукуҳу шаҳомати хос ва дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Исломобод , тоҷикони буми, ҳамватанони бурунмарзӣ, донишҷӯёни тоҷик, соҳибкорон ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шарифзода Юсуф маросимро оғоз карда, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд. Изҳор дошт, ки Наврӯз нифоқу низоъ ва бераҳмиву бешафқатиро аз қалби одамон дур месозад ва дар вуҷуди инсонҳо эҳсоси дӯстиву бародарӣ, меҳру шафқат ва эҳтирому садоқатро зиёдтар намуда, ба ҳар фард аз рӯзи нек мужда мерасонад.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки бо ташаббуси роҳбарони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бостонӣ байналмилалӣ гардида, он дар Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО қарор дода шудааст.

Дар идома сафири Туркманистон ба ҳайси шайхуссуфаро ва сафири Эрон низ ҳозиринро ба ҷашни Наврӯз табрик гуфта, қайд карданд, ки Тоҷикистон дӯсти қадим ва шарики муҳими дар минтақа мебошад.

Ҷашни Наврӯзи бостонӣ бо баргузории намоиши коллексияи либосҳои миллии ва барномаи рақсии аз ҷониби фарзандони кормандони сафорат руҳияи ҳозиринро шод гардонид.

Дар чорабинӣ сӯзаниҳо, расмҳо, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқии маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандон ва дигар намунаи маҳсулоти тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Инчунин, ба таваҷҷуҳи иштирокчиён наворҳои муаррифкунандаи Тоҷикистон ва таронаҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд.

Дар яке аз гӯшаҳои толор кати миллӣ бо дастархони идона ва рамзҳои Наврӯзӣ - ҳафт сину ҳафт шин ташкил шуда, хӯрокҳои наврӯзӣ оши палов, далда, оши бурида ва суманак ба хоҳишмандон пешкаш гардид.

Ҷиҳати муаррифии Тоҷикистони офтобӣ ба ҳозирин дар толор инчунин маҳсулоти хушкмеваи ватанӣ намоиш ва пешниҳод шуд.

Чорабинии мазкур дар васоити ахбори оммаи кишвари иқомат ба таври васеъ инъикос гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg