24-26 марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор мегардад.
Барои иштирок дар Форум роҳбарони мақомоти соҳавии кишварҳои гуногун, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват шудаанд.
Аз ҳайатҳои расмӣ, ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, коршиносони соҳа ва дигар ҷонибҳои алоқаманд хоҳиш карда мешавад, ки худро ҷиҳати иштирок дар Форум ва Намоишгоҳ тавассути пайванди www.jewelryforum.tj то 1 марти соли 2025 номнавис намоянд.