Имрӯз 1 августи соли 2025 маросими расмии гусели гурӯҳи гардишгарони мотосиклрони кишвари дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исломобод, баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур Сардор Ёсир Илёс Хон, Ҳамоҳангсози Сарвазир, Моҳюддин Аҳмад Ванӣ, Котиби федералии Вазорати ҳамоҳангсозии байниминтақавӣ, Офтоб Раҳмон Рано, Мудири кулли Идораи рушди сайёҳии Покистон ва Кордори Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сафари зикргардида бо мақсади муаррифии сайёҳии фаромарзӣ, дӯстии минтақавӣ, табодули фарҳангӣ тавассути қаламрави Покистон -Афғонистон - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир мегардад. Иқдоми мазкур дар асоси мувофиқаҳои дар чорчӯби сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон сурат мегирад.
Сафорат аз ин иқдом истиқбол намуда, онро дар ҷалби фарохи сайёҳони минтақа муҳим арзёбӣ менамояд. Ҳамзамон ба гурӯҳи мотосиклронҳои кишвари дӯст сафари неку хотирмон таманно дорад.