Кордори Сафорат дар Исломобод Шафизода Саидҷон Исмоил бо Котиби федералии мероси миллӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Асад Раҳмон Гелонӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва бародарии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар ду кишвар, ҷашнвораҳои муштараки театрӣ ва синамоӣ, намоишгоҳҳои китоб, таҷлили муштарак аз бузургони илму адаб ва фарҳанги ду кишвар ва ғайра табодули назар карданд.
Ҷонибҳо баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистонро омили таҳкимбахши риштаҳои дӯстиву рафоқат арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.