Рӯзҳои 4 – 9-уми август дар Машқгоҳи таълимии «Фахробод»-и Вазорати мудофиаи мамлакат воқеъ дар гарнизони Хатлон бо иштироки наздики 100 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, машқҳои зиддитеррористии дуҷонибаи ҷузъу томи таъйиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти унвони “Дӯстӣ-2025” баргузор гардид.
Дар ин машқҳо гурӯҳҳои таъйиноти махсус, ҷузъу томи ҳамлаовари десантӣ, пиёданизом ҷалб гардида, роҳу усулҳои истифодаи силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангиро дар самти мубориза алайҳи терроризм намоиш доданд.
Машқҳои муштараки “Дӯстӣ-2025” баҳри сайқал додани маҳорати саҳроии ҷузъу томи таъйиноти махсус ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар шароити кӯҳсор ва иншоот, такмил додани тобоварии ҷисмонӣ ва устувории руҳию ахлоқии ҳайати шахсӣ, ташкили ҳамоҳангсозӣ ва мубодилаи таҷриба байни ҷузъу томи таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон заминаи воқеӣ фароҳам овард.