Истиқболи гарму самимии корвони якуми мотосайёҳҳони Покистон дар Тоҷикистон

18.08.2025 18:05

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, 1 августи соли 2025 маросими расмии гусели гурӯҳи 14 нафараи гардишгарони мотосиклрони покистонӣ, ки сафари сайёҳии рӯизаминӣ бо мотосиклҳо ба кишварҳои Осиёи Миёнаро оғоз намуданд, баргузор гардид.

Рӯзи 15 август соли ҷорӣ меҳмононро дар гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳободи минтақаи шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳноннавозии шукуҳонаи тоҷикӣ истиқбол гирифтанд. Ба муносибати қудуми дӯстонаашон суфраи миллӣ густурда шуд. Ба роҳбари гурӯҳи мотосайҳҳони покистонӣ ба хотири ёдӣ дӯстию бародарии миёни Тоҷикистону Покистон ҷомаю локӣ ва тоқии миллӣ ҳадя гардид.

Ба роҳбари гурӯҳи мотосайёҳони покистонӣ ба нишони дӯстӣ ва бародарии миёни Тоҷикистону Покистон ҷома, локӣ ва тоқии миллӣ тақдим гардид.

Дар ҷараёни сафари ин корвони дӯстӣ ба меҳмонон манзараҳои зебои шаҳри бостонии Хуҷанд ва мероси фарҳангиву таърихии он муаррифӣ шуд.

Дар шаҳри Душанбе, ба нишони муносибатҳои стратегӣ ва дӯстона миёни ду кишвари бародар, дар маркази пойтахти Тоҷикистон — майдони “Дӯстӣ”, дар канори Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, аз ҷониби гурӯҳи мотосайёҳони покистонӣ “Дарахти дӯстӣ” шинонда шуд.

Сафари сайёҳони покистонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон идома дорад. Меҳмонон дар давоми ду рӯз бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии пойтахт шинос мешаванд ва сипас ба самти мавзеи Чилдара ва ноҳияи Дарвоз раҳсипор хоҳанд шуд.

Ин сафар васеъ дар шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон инъикос меёбад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамаи иқдомҳо дар доираи ин саёҳати гурӯҳи сайёҳон аз кишвари дӯсту бародари Покистон аз ҷониби Кумитаи давлатии рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳамкории мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалӣ мегарданд.

https://www.facebook.com/tvtojikiston/videos/678874311884756/

https://www.youtube.com/watch?v=QjzlOTjdIJU

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg