Конфронси “Покистони шукуфон” дар Натиагалӣ

25.08.2025 09:55

23 августи соли 2025 – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Юсуф Шарифзода, дар Конфронси сармоягузории “Покистони шукуфон” иштирок ва суханронӣ  намуд.

Конфронси мазкур бо ҳадафи баррасии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ баргузор гардида, доираи васеи намояндагони соҳибкорӣ ва тиҷоратии Покистонро ба ҳам овард.

Дар ҷараёни суханронии худ, Сафир ба таври муфассал перомуни зарфиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар ибрози назар намуд. Ҳамзамон, ҷаноби Юсуф Шарифзода аз соҳибкорони покистонӣ даъват ба амал овард, то ҳамкориҳои судманди муштаракро бо Тоҷикистон роҳандозӣ намоянд.

Бо ин мақсад, Сафир аз иштирокчиёни ҳамоиш даъват ба амал овард, ки дар Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ зери унвони “Таҳаввули иқтисодӣ тавассути сармоягузориҳои стратегӣ ба соҳаи сайёҳӣ” (16–18 сентябри соли 2025, шаҳри Душанбе) ва Форуми байналмилалии “Dushanbe Invest-2025” (14–16 октябри соли 2025, шаҳри Душанбе) фаъолона ширкат варзанд.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg