Мулоқот бо роҳбарияти Идораи авиатсияи граждании Покистон

25.08.2025 14:52

25 августи соли 2025 – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Юсуф Шарифзода, бо Мудири кулли Идораи авиатсияи граждании Покистон, Нодир Шафи Дар, мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи авиатсия, аз ҷумла барқарор намудани парвозҳои мустақим миёни ду кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳо дар ин заминаи муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимнан, Сафир доир ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълони сиёсати «Осмони кушод» дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид кард, ки ин иқдом барои тавсеаи ҳамкориҳои тарафайн заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар анҷоми мулоқот, миёни ҷонибҳо табодули афкор перомуни арзишҳои фарҳангӣ, таърихи муштарак ва мероси беназири бостонӣ сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg