Вохӯрӣ дар Конгресси байналмилалии вакилони парлумон (IPC)

28.08.2025 12:08

28 августи соли 2025 – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, Юсуф Шарифзода, бо Дабири кулли Конгресси байналмилалии вакилони парлумон (IPC), Сенатор хонум Ситара Аяз, мулоқот анҷом дод.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дуҷониба, густариши ҳамгироии байниминтақавӣ, роҳандозии ҳамкориҳои парлумонӣ ва робитаҳои вакилони парлумон бо ин Конгресс, инчунин тавсеаи ҳамкориҳои муштараки байнипарлумонӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан, Сафир вобаста ба қурбониҳо ва хисороте, ки бар асари боронҳои шадид ва обхезиҳои фалокатбори рӯзҳои охир дар Покистон рух дода, изҳори таслият намуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg